ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Бозии дастаи "Истиқлол" -и Душанбе ва "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт.
Ҳисобро нахуст дастаи "Истиқлол" кушод. Дар 32 -юм дақиқаи бозӣ Алишер Ҷалилов ба дарвозаи меҳмон гол зад ва пасон дар дақиқаи 50 - ум бозигари тими "Ал-Наср" низ ба дарвозаи мизбон тӯб ворид кард ва ҳисоб баробар шуд.
Бо ҳамин ҳисоб футболбозони ҳар ду даста то охир бозӣ карданд ва дигар натавонистанд ба дарвозаи ҳамдигар гол зананд.
Ҳамин тариқ, дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ бо 14 имтиёз дар мақоми аввал аст ва роҳхати даври плей-оффро соҳиб шуд.
"Истиқлол" бошад бо се имтиёз дар зинаи охирон қарор гирифт ва аз идомаи мусобиқа дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24 маҳрум монд.
Ёдовар мешавем, ки "Ал-Наср" -ро дар бозӣ бо "Истиқлол" ситораи асосии даста, Криштиану Роналду ҳамроҳӣ накард. Бошгоҳи "Ал-Наср" дар шарҳи сабаби наомадани Роналду ба Тоҷикистон гуфт, ӯ каме осеб дидааст.
Мусовӣ анҷом ёфтани бозии ин дустаро мутахассиси шинохтаи футбол ва ҳамзамон сармуррабии тими "Шодмон"-и шаҳри Ҳисор Рустам Хоҷаев ба Sputnik Тоҷикистон пешгӯӣ карда буд.
Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки чун тими "Ал-Наср" аллакай аз гурӯҳаш баромад, аз ин рӯ шояд бо омодагии ҷиддӣ надидааст.
"Бозӣ барои “Истиқлол” вазнин мешавад, аммо бовар дорем, ки тими Тоҷикистон дар назди ҳаводоронаш бозии хуб нишон медиҳад",- гуфт мавсуф.
Маврид ба зикр аст, ки бозии "Истиқлол" ва "Ал-Наср дар ҳузури 17 750 нафар мухлис баргузор гардид.