Таҳкими ҷалби соҳибкорон ба мактабсозӣ дар Тоҷикистон

Ҳукумати Тоҷикистон дар шароити рушди рӯзафзуни аҳолӣ ва зиёд шудани талабот ба ҷои нишаст дар макотиб бахши хусусиро ба мактабсозӣ ҷалб карда истодааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Соҳибкорон дар ноҳияи Рашт давоми 9 моҳ 8 мактаб сохтаанд, ки барои рушди соҳаи маориф саҳми бузург арзёбӣ мегардад.
Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", аз ҷумла дар деҳаи Кӯли деҳоти "Аскалон" соҳибкор Ширинхӯҷа Асланов барои 300 хонанда мактаб сохтаст, ки бо тамоми таҷҳизоти муҳими таълимӣ таъминанд.
Ин дуюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки Асланов дар ноҳия бунёд намудааст.
Соҳибкорон Зафарҷон Маликов ва Шарифбек Давлатов муассисаи дуошёна бунёд карда, мушкили дастрасӣ ба таҳсил дар деҳаи Болошаҳрро ҳал кардаст.
Рустами Эмомалӣ дар бораи забони русӣ ва омодагии ҳамкориҳои бештар бо Русия шуд
Таъкид мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҳиссаи соҳибкорон дар бахши иҷтимоӣ аз ҷумла дар сохтмони мактабҳо афзоиш меёбад.
Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, бо пули давлат ва ҷалби сармояи бахши хусусию шарикони рушд давоми солҳои наздик садҳо мактаб бунёд кунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки то соли 2026-ум дар Тоҷикистон бунёди 1 ҳазор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар нақша аст.
Талабот ба мактаб дар шароити афзоиши аҳолӣ, ташкили маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва фарсуда шудани бархе мактабҳои бунёдгардида дар замони шӯравӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.