ДУШАНБЕ, 25 ноя – Sputnik. Дар ҷаласаи назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ фаъолияти бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баррасӣ гардид.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати ВМКБ, аз руйи масъалаи мазкур, мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати ВМКБ, Ҳавобегим Сафарқулова ахборот дод.
Вай қайд кард, ки бахши мазкур дар давоми 10 моҳи соли равон як қатор чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва суҳбату мулоқотҳоро анҷом додаст.
Дар ҷаласа таъкид шудаст, ки дар давоми даҳмоҳаи аввали соли равон нисбати солҳои сипаригардида, дар байни ноболиғон қонунвайронкуниҳо кам ба назар расиданд.
Алишер Мирзонабот таъкид дошт, ки гарчанде дар самти таълим хонандагони ВМКБ ба дастовардҳои зиёде ноил гардида истодаанд, вале дар масъали тарбия ҳанӯз ҳам камбудиҳои зиёде ҷой доранд.
"Барои пешгирӣ намудани ҳар гуна қонунвайронкуниҳо дар байни ноболиғон зарур аст, ки ҳамкории мактабу оила дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад", - дастур додааст раиси ВМКБ.
Таъкид шудаст, ки иҷрои қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таҳким ёбад.
Ҳамчунин бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, баланд бардоштани сатҳи тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳои марбута супориш дода шудаст.