ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Дар ояндаи наздик Русия эҳтиёҷ ба мошинҳои барқии кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро қонеъ карда метавонад ва чунин истеҳсолот дар кишварҳои дигари иттиҳод васеъ паҳн мешавад.
Дар ин бора муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук дар посух ба суоли хабарнигорон, ки гуфтанд, оё худрави барқии русиро дар роҳҳои кишварҳои иттиҳод мебинанд, изҳор дошт.
"Мо боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик метавонем талаботро ба мошинҳои барқӣ аз ҳисоби истеҳсоли худамон қонеъ кунем", - афзуд мавсуф.
Вай афзуд, ки истеҳсоли чунин мошинҳо ҳоло танҳо дар Русия буда, баъдан дар Қазоқистон ва дигар шарикони созмон васеъ пайдо мешавад.
Рӯзи ҷумъа муовини нахуствазири Федератсияи Русия ҳамроҳ бо ҳамкорони худ дар Шӯрои КИАО намоишгоҳи мошинҳои барқии Русияро дар ВДНХ аз назар гузаронд.
"Дар яке аз ҷаласаҳои ахири Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо ҳамкорони мо дар созмон масъалаи тамдиди боҷи сифрии гумрукӣ барои воридоти мошинҳои барқӣ ба қаламрави ИИАО-ро матраҳ карданд. Дар натиҷа, як моҳ пеш мо тасмим гирифтем, ки муҳлати онро тамдид кунем", - гуфт ӯ.
Аммо дар баробари ин ба таъкиди вай ба ҳамтоёни худ имкониятҳоеро нишон доданд, ки имрӯз дар бахши истеҳсоли мошинҳои барқӣ дар Русия рушд мекунанд.
Чунин сабукӣ ба Русия дахл надорад.
Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки пас аз ду сол вақте созмон дубора ба ин масъала бармегардад, "комилан имконпазир аст, ки мо боҷи сифриро тамдид накунем".
Имсол тибқи квота метавонад ба Беларус 15 ҳазор, ба Арманистон 8 ҳазор, Қазоқистон 15 ҳазор ва ба Қирғизистон 5 ҳазор мошини барқӣ бидуни боҷи гумрукӣ ворид карда шавад.
То охири соли 2021 дар ҳама кишварҳои ИИАО меъёри сифр барои воридоти чунин мошинҳоро дошт, аммо соли 2022 боҷ ба 15% баргардонида шуд.