ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Ахиран муовини раиси Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон Константин Затулин дар радиои "Говорит Москва" гуфт, ки барои нигоҳ доштан ва ҳамгироии кишварҳои ОСиёи Марказӣ бо Русия ва ИИАО ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин кишварҳо муҳим аст.
“Мо дар таъсиси ИИАО ва нигоҳ доштани як навъ модели ҳамгироӣ, ки барои ҷумҳуриҳои собик Шӯравӣ ҷолиб мебуд, мушкили пайдо мекунем. Ақаллан, мо бояд коре кунем, ки онҳо ба дигар моделҳову иттиҳодҳо нараванд. Ҳоло онҳо ба интихоб озоданд.”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин оқои Затулин илова кард, ки Русия дар чаҳорчӯби Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як модели ҳамгироӣ бунёд менамояд, ки таркиби ин иттиҳод маълум аст ва дар он давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, Белорус низ ҳаст, аммо ин ягона истисно дар самти Аврупост ва давлатҳои Осиёи Марказӣ на ҳама: Туркманистон, Тоҷикистон шомил нестанд.
“Чӣ гуна шумо интизор доред, ки ин ҳамгироии АвруОсиёро ривоҷ диҳед, агар таваҷҷӯҳи бештари ин кишварҳо дар ин ҳамгироӣ аз байн бурдани бекорӣ дар кишварҳояшон мебошад. Онҳо талош доранд ба мардуми худ имкони ба даст овардани пулро фароҳам созанд, то таркиши иҷтимоӣ рух надиҳад. Онҳо ин корро аз куҷо меҷӯянд? Онро дар Русия ҷустуҷӯ мекунанд. Биёед роҳи онҳоро бибандем! Аммо пас шумо метавонед дар бораи ҳамгироӣ дигар сӯҳбат накунед”, - таъкид кард оқои Затулин
Вакили парлумони Русия қаблан дар бораи фаъолияти расонаҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ алайҳи Русия хабар дода буд. Онҳо маълумотро таҳриф карда, аз кишвари мо душман месозанд.
Ҳоло кор дидаву дониста барои таҳриф кардани гузоришҳо дар бораи пешрафти амалиёти вижа идома дорад ва мегӯянд, ки гӯё тамоми муҳоҷирон сафарбар карда мешаванд, гуфт вакили парлумон.