Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Вазорати дифо видеои нобудсозии тӯпи худгарди хориҷии артиши Украинаро нишон дод - видео

Паноҳгоҳ ҳам наҷот надод: Зарбаи дақиқ ва нобуд кардани тӯпи худгарди FH-70-и артиши Украина, ки аз яке мавқеъҳои пинҳонӣ дар ҷангал шилик мекард
Sputnik
Вазорати дифои Русия боз як видеоро нашр кард, ки дар он қувваҳои ҳавоии Русия тӯпи худгарди сохти кишварҳои ғарбро нобуд мекунанд.
Ба иттилои вазорат дар як шабонурӯз дар ду хатти ҷабҳа артиши Русия беш аз 170 сарбози украиниро нобуд кардааст.
Вазорати дифои хабар дод, ки воҳидҳои Русия дар самти Херсон то 70 низомии украинӣ, тӯпхонаи худгарди M109 Паладин ва системаи тӯпхонаи M777-и сохти амрикоӣ ва тӯпи Мста-Б-ро нобуд карданд.
Артиши Русия дар самтҳои Купянск ва Краснолиманск 14 ҳамлаи ҷониби Украинаро ақиб зад
Инчунин ба иттилои низомиёни Русия, артиш дар манотиқи се шаҳраки вилояти Запорожие нерӯҳои украиниро шикаст доданд, талафоти душман то 100 сарбозро ташкил дод.
"Талофоти душман дар ин самт то 100 нафар низомиён, ду танк, ду мошини зиреҳпӯш ва як тӯпи худгарди Гиатсин-Б-ро ташкил додааст", - афзуд вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Артиши Русия панҷ талоши ҷобаҷоии нерӯҳои украинӣ дар самти Южнодонетскро ба ҳам зад
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.