СПАД дар соли 2024 тамринҳои худро ба Осиёи Марказӣ тамаркуз хоҳад кард

Созмони Паймони Аҳдномаи Дастаҷамъи дар соли 2024 дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон тамринҳои низомӣ баргузор мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои мухталифи Осиёи Марказӣ дар соли 2024 баргузории машқҳои СПАД ба нақша гирифта шудааст ва ба ин минтақа тамаркуз дода мешавад, гуфт сардори ситоди муштараки СПАД Анатолий Сидоров.
"Дар нақша соли 2024 ба минтақаи Осиёи Марказӣ вобаста ба амнияти дастаҷамъӣ диққати махсус дода мешавад, аз ҷумла дар Қирғизистон мо бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД, дар Қазоқистон бо нерӯҳои посдори сулҳ ва нерӯҳои зудамалӣ минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон машқҳо баргузор мегарданд", - гуфт Сидоров дар нишасти матбуотӣ.
Вай афзуд, ки дар бораи вақт ва тамрингоҳҳои машқҳо сӯҳбат кардан барвақт аст ва машваратҳо дар бораи ин масъала моҳи декабри соли 2023 оғоз мешаванд.
Пашинян ба нишасти сарони СПАД дар Минск намеравад
Ҳамчунин раиси ситоди муштараки СПАД, таъкид кард, ки Афғонистон барои кишварҳои узви СПАД таҳдиди ҷиддии низомӣ надорад, аммо давлатҳо чораҳои муайян меандешанд.
"Имрӯз ягон мушкили пайдоиши хатари ҳарбӣ аз қаламрави Афғонистон вуҷуд надорад. Дар баробари ин мо дарк мекунем, ки роҳбарияти кунунии Афғонистон вазъ дар қаламрави давлат, аз ҷумла дар минтақаҳои шимолиро, ки бо кишварҳои узви СПАД ҳаммарз аст, ҳанӯз пурра назорат намекунад. Аз ин рӯ, чораҳои муайян андешида мешаванд”, гуфт Сидоров зимни нишасти матбуотӣ.
Ёдовар мешавем, ки Арманистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои узви СПАД мебошанд.