ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. То имрӯз 10 ҳазору 750 чиптаи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Урдун фурӯхта шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи Футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон – Урдун рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.
Қайд карда шудааст, ки ФФТ ба мухлисон тавсия додааст, ки бо назардошти зиёд будани шумораи мухлисон, ҳарчӣ зудтар чиптаҳоро харидорӣ намоянд.
“Чиптаҳоро аз хазинаи Варзишгоҳи марказии Душанбе дастрас карда метавонед. Нархи онҳо аз 20 сомонӣ оғоз мешавад”, - таъкид кардааст манбаъ.
Қобили зикр аст, ки вохӯрии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун рӯзи 16 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.