Қории тоҷики муқими Русия ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ шуд.

Дар озмуни мазкур намояндагони 31 кишвари ҷаҳон- аз Ховари Миёна, Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ , ширкат доштанд
Sputnik
Қории тоҷики муқими Русия Айёмиддини Фахриддин барандаи Озмуни XXI байналмилалии Қуръони карим дар Маскав шуд.
Маросими поёни чорабинӣ ва эълони ғолибон дар толори меҳмонхонаи "Космос" барпо гардид, хабар медиҳад Идораи муфтиёти Русия.
Гуфта мешавад, ки ҷоизаи асосиро қории ҷавони тоҷик аз дасти раиси Идораи мусулмонони Русия, Равил Гайнутдин гирифт.
Ҷойи дуввум насиби Ҳусейн Алӣ Ризо Бидғонӣ аз Эрон ва ҷои севум насиби Исмоил Муҳаммад Яҳё Маниёр аз Ҳиндустон гардид.
Таъкид шудаст, ки бори аввал дар таърихи 21-солаи озмун намояндаи Русия пирӯз шудаст.
Президенти Тоҷикистон дар СММ таҳқири Қуръонро маҳкум кард
Айёмиддини Фахриддин 21 сол дошта, давраи кӯдакиашро дар шаҳри Алексини вилояти Тула гузаронидааст. Айёмиддин дар синни 6-солагӣ ба ҳифзи Қуръон шурӯъ карда, дар синни 10-солагӣ онро пурра аз худ кардааст.
Ҳоло дар Донишгоҳи исломии Мадина таҳсил мекунад ва бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ, арабӣ ва инглисӣ ҳарф мезанад. Вай тӯли 10 сол боз дар озмунҳои қуръонхонӣ дар сатҳи байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзад.
Бано ба гузориши дастандарткорон дар ин озмун намояндагони 31 кишвари ҷаҳон, ки аз Ховари Миёна, Африқо, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ омадаанд, ширкат доштанд.
ВКХ Тоҷикистон дар бораи сӯзондани Қуръон изҳори назар кард
Озмуни XXI байналмилалии қироати Қуръони Маскав бо ибтикори Идораи динии мусалмонони Федератсияи Русия ва Шӯрои муфтиҳои Русия бо ширкати яке аз бузургтарин донишгоҳҳои Имороти Муттаҳидаи Араб - Донишгоҳи улуми инсонӣ ба номи Муҳаммад бин Зоид баргузор шуд.