ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Варзишкори ҳунарҳои размии омехта, Усмон Нурмуҳаммадов дар бораи маҳрум шуданаш аз ҳаққи муҳорибаҳо ба далели допингро тавзеҳ дод.
Нурмуҳаммадов, ки пас аз мубориза ва пирӯзияш бар Брент Примуси амрикоӣ ташхис супорид ва натиҷаҳои он мусбат баромад, иттилоъ дод рӯзноманигор Ариэл Ҳелванӣ бо истинод ба Комиссияи варзишии иёлати Калифорния.
Вай, ки дар ин мубориза пирӯз шуда буд, ҳамакнун ҳаққи ним сол майдондорӣ карданро надорад.
"Чанд моҳ пеш аз муҳориба ман аз даври табобат гузаштам, аммо мутаассифона, комиссияи варзиширо пешакӣ огоҳ накардам", - гуфт ӯ.
Варзишкор қайд кард, ки комиссия пас аз пешниҳоди тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки воқеан аз табобат гузаштааст, маҳрум кардан аз ҳаққи муҳорибаро ба муддати ним сол таъйин кард, на дарозтар.
Дар навбати худ мудири Bellator Майк Коган гуфт, ки Нурмуҳаммадов аз унвони қаҳрамон маҳрум нахоҳад шуд.
"Ҳеҷ кас ӯро аз ягон унвон маҳрум намекунад. Муҳорибаи ҷавобӣ бо Брент Примус ягона чизест, ки маъно дорад", - навиштааст Коган дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Усмон Нурмаҳаммадов аз наздикони размикори маъруф, Ҳабиб Нурмуҳаммадов мебошад, ки 25 сол дорад. Вай дар 17 муҳорибаи касбӣ 17 пирӯзӣ ба даст овардааст.