ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо нияти берун кардани Русия аз Осиёи Марказӣ ва моварои Қафқозро пинҳон намекунад.
Да ин бора вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров, зимни мусоҳибаи телевизионӣ баён дошт.
"Иттиҳоди Аврупо нияти худро барои берун рондани мо аз Осиёи Марказӣ ва моварои Қафқозро пинҳон намекунад. Ин кор нахоҳад шуд. Мо таърихан дар ин ҷо ҳастем, мо дар ҳеҷ куҷо нопадид намешавем", - гуфт Лавров.
Ахиран дабири Шӯрои амнияти Русия, Николай Патрушев дар мулоқот бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои ИДМ дар Маскав гуфт, кишварҳои ғарбӣ бо сиёсату стандартҳои дугуна талоши ҷудо кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Русияро доранд.
"Ғарб талош дорад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ фишанг эҷод кунад, то онҳоро аз Русия ҷудо кунад. Ин ҷо гап на танҳо дар бораи фишори сиёсӣ балки шантажи иқтисодӣ аз ҷониби Ғарб меравад, аз ҷумла таҳдиди таҳримҳо", - гуфт вай.
Дабири Шӯрои амнияти Русия аз сиёсати дугунаи Ғарб дар ИДМ танқид кард.
Патрушев изҳор дошт, ки соли оянда дар замони раёсати Русия дар ИДМ талошҳо барои таҳкими ҳамгироӣ миёни кишварҳои узв амалӣ хоҳанд шуд.