ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Дар ҳошияи нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёз раисҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иштирок ва мусоидати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Арабистони Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳокима гардид.
Ҳамчунин тарафҳо рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод яке аз самтҳои асосии тадбирҳои муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ маънидод карда шуд.
Ҷонибҳо вобаста ба ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи саноати сабук, нассоҷӣ, саноати дорусозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маъданҳо, энергетика, таъсиси Фонд ё Ширкати муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барои дастгирии лоиҳаҳои сармоягузории хурду миёна дар Тоҷикистон, табодули афкор карданд.
Ҳамзамон тарафҳо вобаста ба масъалаи ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим дар масири Душанбе – Ҷидда ва ташкили хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ табодули назар карданд.
Дар ҳамин ҳол, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳамсозии имтиёзу сабукиҳои зарурӣ ба сармоягузорони саудӣ дар заминаи қонунгузории амалкунанда омода мебошад.