Коҳиши назарраси ҷудошавии оилаҳо дар яке аз ноҳияҳои Хатлон

Ба иттилои мақомоти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар ин минтақа дар соли равон ба таври назаррас талоқ камтар сабт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҷабзода Зебогул таъкид кардааст, ки дар ноҳия давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 90 ҳолати ҷудошавии оилаҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳолат камтар аст, иттилоъ додааст сомонаи “Фараж”.
Тибқи иттилои хонум Зебогул дар давоми 10 моҳи соли гузашта дар ин ноҳия 201 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.
Вай сабаби кам шудани пошхурии оилаҳо дар ноҳияро ба пурзур кардани суҳбату вохуриҳо миёни ҷавонон ва аҳолӣ аз ҷониби кормандон дар ҳамдастӣ бо бахши кор бо занон, бахши кор бо ҷавонон ва дигар сохторҳо рабт додааст.
Дар вилояти Хатлон талоқ кам шуду никоҳ зиёд
“Минбаъд низ мо талош мекунем, ки суҳбату вохуриҳоро бештар карда боз ҳам ҷудошавии оилаҳоро дар ноҳия кам кунем”, – илова кард хонуми мансабдор.
Ба гуфти Зебогул, дар ноҳия баъди пош хурдани 90 оила дар 10 моҳи соли ҷорӣ беш аз 50 кӯдак аз тарбия яке аз волидони худ маҳрум монда, ҳама дар нигоҳубини модарон боқӣ мондаанд.
Қайд карда шудааст, ки дар ин давра дар ноҳия 943 ҳолати бастани ақди никоҳ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, ки ин нисбати 10 моҳи соли гузашта 110 ҳолат зиёдтар аст.