Имдодгарони Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба мардуми навори Ғазза 25 тонна кумаки башардӯстона мерасонанд.
Ҳавопаймои Ил-76 аз фурудгоҳи Қазон ба сӯи Миср парвоз кард. Дар ин бора дар саҳифаи Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Telegram хабар дода шудааст.
"Ҳавопаймои Ил-76-и вазорат аз фурудгоҳи Қазон парвоз кард. Бори башардӯстона ба қаламрави Ҷумҳурии Мисри Араб интиқол дода шуда, ба намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Миср супурда мешавад", - омадааст дар хабар.
Кӯмаки Русия бо дастури раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва вазири ҳолатҳои изтирории кишвар Александр Куренков ташкил шудааст. Ба борҳои башардӯстона ғизо, маҳсулоти гигиении шахсӣ, либос, печҳои сайёр ва кӯрпа дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки навори Ғазза аз авоили моҳи октябр ба таври муназзам мавриди ҳадафи тирандозӣ қарор гирифта, бар асари он одамон кушта ва зербиноҳо тахриб шудаанд.
Қазия аз он оғоз шуд, ки 7 октябр Ҳамос ба Исроил ҳамла кард. Дар посух мақомоти исроилӣ ба муҳосираи Ғазза оғоз карданд ва мардумро аз нерӯ ва ғизо маҳрум карданд.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар масоили ҳудудӣ ихтилоф доранд. Соли 1947 бо иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби СММ қарор барои ташкили ду давлат - Исроил ва Фаластин қарор шуд, вале фақат Исроил ташкил ёфт. Маскав яке аз роҳҳои ҳалли қазияро ташкили давлати мустақили Фаластин арзёбӣ мекунад.