ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Дар нишасти 16-уми Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев президентҳои 7 кишвар иштирок мекунанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон иттилоъ дода, феҳрасти иштирокдоронро нашр кардааст:
президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев;
президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев;
президенти Эрон Иброҳим Раисӣ;
президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов;
президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов;
президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
Аз Қазоқистон дар ин ҳамоиш Алихон Смаилов ширкат хоҳад кард. Раиси ҳукумати муваққати Покистон Анвар ул-Ҳақ Какар ва дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ Хусрав Назирӣ низ дар қатори иштирокдорон ҳастанд.
Сафари ҳайатҳо ба Тошканд 8 ноябр оғоз гардида, Шавкат Мирзиёев бо раҳбарони бархе кишварҳо мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад. Аз ҷумла, дар ин рӯз музокирот бо руасои ҷумҳури Қирғизистону Туркия, раиси ҳукумати муваққати Покистон ва дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ дар назар аст.
Мулоқоти сатҳҳои баланд 9 ноябр дар нақша мебошад. Интизор меравад, ки раисҷумҳури Тоҷикистон низ 9 ноябр ба шаҳри Тошканд парвоз кунад.