Таъкиди толибон* бар ҳамкории ҳамсоягон барои барқарории субот дар Афғонистон

Сухангӯи расмии ҳукумати толибон* ахиран дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон субот дар Афғонистонро ниёзманди рӯйкарди мусбати ҳамсоягон дар қиболи Кобул донист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Сухангӯи расмии ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид аз суханони ахири Шавкат Мирзиёев раисҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аҳамияти сулҳу амният дар Афғонистон истиқбол кард.
Вай афзуд, ҳамкории кишварҳои минтақа дар эҷоди сулҳу субот дар ин кишвар муҳим аст ва равобити мустаҳками дипломатии кишварҳои ҳамсоя бо ҳайати ҳокимаи Афғонистон зарурӣ аст.
Сухангӯии толибон* ҳамчунин бо таъкид бар зарурати кумакҳои минтақа барои ҳифзи сабот дар Афғонистон изҳор кард, ки бояд бо ҳамкорӣ аз бурузи мушкилоти ҷадид ҷилавгирӣ кард.
Станакзай: Ҳамсояҳо аз муҳоҷирони афғон ба унвони фишор бар Афғонистон истифода мекунанд
Ёдоварӣ мекунем, ки Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Ӯзбекистон авохири ҳафтаи пеш бо ибрози нигаронӣ аз коҳиши тавваҷуҳи ҷаҳонӣ ба бӯҳрони инсонӣ дар Афғонистон дар пайи ташдиди ҷанг дар соири кишварҳо, бар лузуми ҷилавгирӣ аз кунд шудани ирсоли кумакҳои башардӯстонаи ҷаҳонӣ ба мардуми ин кишвар таъкид карда буд.
Толибон* ҳукумат дар Афғонистонро моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз поини ҷанг дар кишвар ва ташкили иморати исломӣ хабар доданд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аъзои гуруҳ ташкили ҳукумати фарогир ва риояи ҳуқуқҳои бунёдии инсонӣ, аз ҷумла ҳақи занон ба таҳсилу корро талаб дорад.
* - созмон ё гурӯҳе, ки ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.