Хадамоти истихборотии кишварҳои СҲШ дар як сол аз 69 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ кардаанд

Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар бораи корҳои мубориза бо терроризм дар қаламрави кишварҳои ин созмон гузориш дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Дар кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) аз 69 ҳамлаи террористӣ пешгирӣ карда шуд.
Дар ин бора директори кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзоев дар доираи конфронси 9-уми илмӣ-амалии "Боварӣ, ҳамкорӣ ва касбият ҳамчун калиди ояндаи бехатар" , ки дар Тошканд доир шуд, изҳор дошт.
Вай қайд кард, ки ба шарофати фаъолияти ҳамоҳангшудаи хадамоти иктишофии кишварҳои узви ин созмон, аз фаъолияти 73 ячейкаи махфии созмонҳои террористӣ ҷилавгирӣ шудааст.
Тоҷикистон дар нахустин ҳамоиши байналмилалии нақлиётии СҲШ ширкат мекунад
Ба гуфтаи Мирзоев, дар давраи ҳисоботӣ 507 нафар ширкаткунандагон ва шарикони созмонҳои террористии байналмилалӣ муайян карда шуданд. Илова бар ин, 447 нафар ҷинояткорон дастгир гардида, 182 нафар безарар гардонида шуда, 54 нафар маҳкум карда шуданд.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) як созмони байналмилалӣ аст, ки 15 июни соли 2001 аз ҷониби раҳбарони Чин, Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Баъдан дар соли 2017 Ҳинд ва Покистон узви комилҳуқуқи ин иттиҳодия шуданд ва дар соли 2021 Эрон ба ин созмон пайваст.