Бозии "Истиқлол" ва "Персеполис": Гулмуҳаммадӣ гуфт, барои се имтиёз ба Душанбе омаданд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон имрӯз, 7 ноябр бозии чаҳоруми худро Лигаи чемпионҳои Осиё-2023/24 доир мекунад.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе доир шуда, ҳарифи даста тими "Персеполис"-и Эрон аст.
Сармурабии бошгоҳи Душанбе Игор Черевченко зимни нишасти матбуотии қабл аз бозӣ баён дошт, ки бозӣ душвор хоҳад буд, зеро бозигарони эронӣ пешсафон дар кишвари худ ҳастанд ва таҷрибаи хуби бозӣ дар чунин мусобиқотро доранд.
Ӯ афзуд, ки барои рақобати шоиста омодаанд ва талош мекунанд, ки имтиёз ба даст оваранд.
Баҳси рушди футбол дар мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо масъулин: Ӯ камбудӣ ва роҳи ҳалро гуфт
Вай аз мухлисон низ даъват кард, ки ба бозӣ оянд ва тими ватаниро дастгирӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, сармураббии бошгоҳи "Персеполис" низ мегӯяд, барои ситонидани се имтиёз ба Душанбе омадаанд.
Ӯ низ аз тавонии тими Тоҷикистон гуфту афзуд, ки тамриноти хубе кардаанд ва умед дорад, ки дар майдон бозигаронаш хуб ҳунарнамоӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки "Истиқлол", "Персиполис" ва "Ал-Наср"-и Арабистони Саудиву "Ал-Дуҳайл"-и Қатар дар гуруҳи гурӯҳи "Е" бозӣ мекунанд.
Бошгоҳи Душанбе танҳо аввалин бозияшро бо тими қатарӣ мусовӣ 0:0 карду ду бозии дигарро бо бохт анҷом дод.