Вазорати дифои Русия навореро нашр кард, ки бесарнишинҳои иктишофӣ ва "камикадзе"-и кишвар мошини ҷангии нерӯҳои украиниро нобуд месозанд.
Ба иттилои манбаъ, ин мошин дар ҳоли наздикшавӣ ба хатти даргирӣ миёни нерӯҳои ду кишвар ошкору нобуд гардид.
Дар пайи зарба ба мошин муайян шудааст, ки он миқдори зиёди лавозимоти ҷангӣ дошт,, ки ҳамааш пурра тарконда шудаст.
"Гурӯҳи иктишофии ҳавопаймоҳои бесарнишин зиреҳпӯши украиниро муайян карда, маълумотро ба дастаи зарбазании бесарнишинҳо расониданд. Бачаҳо дар болои мошини зиреҳпӯши кори хуб анҷом доданд", - изҳор дошт фармондеҳи воҳиди иктишофии "Юг" дар шарҳи навор.
Таъкид шудаст, ки бар асари зарбаи дақиқи ҳавопаймоҳои бесарнишини камикадзе, лавозимоти ҷангӣ ва мошин мунфаҷир шуд.
Манбаъ афзуд, ки ба шарофати амалҳои муассири муштараки воҳидҳои иктишофӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия, аксари мошинҳои зиреҳпӯши нирӯҳои режими Киев дар ҳолати наздикшавӣ ба хати тамос нобуд карда мешаванд.
Вазорати дифои Русия ахиран эълон кард, ки Украина дигарбора талоши ҳамла анҷом дод, аммо бо талафоти зиёд пас гардонда шуд.