ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Таъмиру бунёди 52 иншоот дар ноҳияи Носири Хусрав ба маблағи 5,2 млн сомонӣ ба истифода дода шудааст.
Дар ин бора мақомоти ноҳия хабар дода, афзудааст, ки бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таъмиру бунёди 112 иншоот ба нақша гирифта шудаст.
Танҳо дар соли 2022 33 иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба пешвози ин ҷашни миллӣ корҳои ободониву созандагиро вусъат бахшидаанд.
Аз ҷумла беш аз 17 ҳазор ниҳол ва зиёда аз 47 ҳазор гулҳои навъи мухталиф шинондаанд.
Дар ин миён беш аз 8 ҳазор ниҳоли дарахти сояафкан, 5 ҳазор ҳамешасабз, зиёда аз 4 ҳазор ороишӣ мебошанд.
Дар феҳрасти иншооти фаъолгардида, аз ҷумла фермаи мурғпарварии дорои 10 ҳазор сар мурғи гӯштӣ, тарабхонаю меҳмонхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ зикр гардидаанд.