ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Чемпионати Осиё оид ба бокс дар Остона барои Тоҷикистон бо муваффақият анҷом ёфт.
Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар доданд. Ба ин тартиб, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 9 медал – 1 нуқра ва 8 биринҷӣ ба даст овард.
Дар чемпионат дар маҷмӯъ 220 варзишгар (147 писар, 73 духтар) ва байни ҷавонон 215 варзишгар (137 писар, 78 духтар) ширкат варзиданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 24 варзишгар (13 наврас, 11 ҷавон) намояндагӣ карданд.
Ҷаҳонгир Камолов дар вазни 46 кг миёни наврасон медали нуқра ба даст овард. "
Медалҳои биринҷиро Мансурхӯҷа Мӯъминов (48 кг), Билолҷон Иқсанов (50 кг), Абубакр Ғафуров (66 кг), Зиёратшо Қосимов (70 кг), Фариноз Абдуллоева (52 кг), Мино Аъзамзода (60 кг) миёни наврасон, Меҳроҷ Суфичонов (48 кг) ва Баҳромек Ҳотамов (71 кг) байни ҷавонон ба даст оварданд.