ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Гузаронидани маросими тӯй шояд гаронарзиштарин чорабинӣ дар ҳаёти ҳар як ҷуфти ҳамсарон бошад.
Ин кор ба Тоҷикистон махсусан дахл дорад, - баъзе оилаҳо барои зебо гузаронидани тӯи фарзандонашон амволашро мефурӯшанд ва ё қарзи калон мегиранд, ки ин на ҳамеша дуруст аст.
Аз расму ойинҳои суннатии ҳамроҳ, яъне рубинон, оши наҳор, никоҳ ҳарф ҳам намезанем, ки хароҷоти онҳоро ҳатто як қонуни вижаи сарвари давлат ҳам кам кардан натавонист.
Дар пасманзари анҷоми мавсими тӯйгузаронӣ дар ҷумҳурӣ Sputnik Тоҷикистон тасмим гирифт, ки бо назардошти хароҷоти асосӣ арзиши миёнаи гузаронидани як тӯйро ҳисоб кунад. Қаблан бояд иброз дошт, ки нархҳо аз рӯи арзиши миёнаи молу хизматрасониҳо дар Душанбе ва Хуҷанд ҳисоб карда шудааст. Дар дигар минтақаҳои кишвар он метавонад хеле фарқ кунад.
Ороиш
Албатта ба таври комил, ҷашн бояд зебо оро дода шавад - бо гулҳо, лентаҳо, матоъ, аркҳои гулдор, пуфакҳои бо гелий дамшуда ва дигар ҷиҳозоти идона.
На танҳо толори зиёфати ҷашн, балки даромадгоҳи хонаи арӯс ва даромадгоҳи тарабхона низ оро дода мешавад. Илова бар ин, дар оилаҳои суннатӣ, навхонадорон пеш аз рафтан ба шӯъбаи ақди никоҳ –маросими мазҳабии никоҳ, амсоли анъанаи ғарбии издивоҷ дар калисо гузаронда мешавад.
Ва дар ҳар марҳила бо мақсади дар назди меҳмонон шармсор нашудан, ороиши гаронбаҳо дар ҳама ҷо талаб карда мешавад, ки он аксар вақт ба иҷора гирифта мешаванд. Бо назардошти хароҷоти умумӣ ин тааҷҷубовар нест.
Дар маҷмӯъ барои оро додани даромадгоҳи тарабхона тақрибан 1400 сомонӣ, арки гулҳо – 400 сомонӣ, пайроҳаи ороишӣ – 200 сомонӣ, кӯзаҳои гул (тақрибан 6 дона) – 600 сомонӣ дигар ва як арки П-монанд бо матоъ - 200 сомонӣ масраф мегардад. Пуфакҳоро ҳадди аққал ба маблағи 200 сомони харидорӣ мекунанд. Ва агар тарҳро берун аз шаҳр анҷом додан лозим бошад, пас хароҷоти нақлиёт ба маблағи зикршуда илова карда мешавад”, - шарҳ медиҳад Марина Марушкина, ороишгари ҳирфаӣ ва аэродизайнери ширкати Sharim.Tj.
Омода кардани арӯс
Ҳар духтар аз хурдӣ орзуи пӯшидани либоси сафедӣ арусиро(фата) дорад ва тӯйи ояндаашро пешакӣ тасаввур мекунад. Бо дарназардошти он, ки барои бисёре аз онҳо дар баробари таваллуди фарзанд ин як воқеаи марказии ҳаёт аст, симояшон дар ин рӯз бояд бенуқсон ва хароҷот мутаносибан калон бошад, чаро ки барои мувофиқат ба меъёрҳои зебоӣ дар Точикистон пул сарфа намекунанд.
Либоси арӯсиро метавон бо тарзи кӯҳна аз дӯзанда фармоиш диҳед, аммо имрӯз ба ин кор эҳтиёҷ нест, - дар шаҳрҳои калон салонҳои зиёде мавҷуданд, ки дар онҳо ҳатто арӯси инҷиқ либоси ба табъаш мувофиқро интихоб карда метавонад.
Дар пойтахт нархи куртаи арӯсӣ аз 2 ҳазор сомонӣ ва болотар оғоз мешавад - ҳамааш ба буҷаатон вобаста аст. Варианти аълосифати миёна тақрибан ба ҳисоби миёна 5 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Барои сарфа кардани маблағ шумо метавонед ба дӯконҳои яклухтфурӯшии бозорҳои "Корвон" ё "Саховат" рафта, хеле арзонтар либос бихаред. Ё ки онро иҷора гиред.
Либосҳои тарроҳии брендҳои миллӣ метавонад даҳҳо маротиба гаронтар бошанд, - баъзе арӯсҳоро дар саҳифаҳои нашрияҳои зебоии маҳаллӣ ва блогҳо бо либосҳои арӯсии нархашон 30-50 ҳазор сомонӣ дидан мумкин буд.
Ороиши рӯю мӯй як иловаи муҳим ба симои ҳар як арӯс мебошанд. Арзиши онҳо асосан аз сатҳи касбии усто ва талаботи ба ӯ дар бозор вобаста аст. Машҳуртарин ва серталабтарин ороишгарони Душанбеву Хуҷанд ҳатман дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи таблиғшуда доранд, ки дар он шумо метавонед кори онҳоро бубинед ва симои маъқулшударо интихоб кунед.
"Дар маркази Душанбе ороишгарони маъруф барои эҷоди як намуди комил то 1 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд, ки он ороиши мӯй ва рӯйро дар бар мегирад. Чӣ қадаре ки ороиши мӯй мураккабтар бошад, нархаш гаронтар мешавад. Ороишгари навкор бошад, барои ороиши арӯс то 800 сомонӣ мегирад ", - шарҳ медиҳад Марина Марушкина.
Бисёре аз толорҳои арӯсӣ ҳангоми харидани либоси арӯсӣ маҷмӯи иловагии хидматҳоро пешниҳод мекунанд, ки он бо ороиши рӯю мӯй ба унвони тӯҳфа аз 2 то 4 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Аммо, дар асл, ин яке аз ҳилаҳои таблиғотӣ барои ҷалби муштариён аст. Дар бозорҳо дӯконҳои зиёди яклухтфурӯшӣ мавҷуданд, ки шумо метавонед бо нархи дастрас либос ва дигар лавозимоти арӯсӣ харед, аммо барои оро додани рӯю мӯй бояд пеши ороишгар равед.
Дар маҷмӯъ, иҷора гирифтан ё харидани либоси арӯсӣ дар Тоҷикистон аз 500 то 15 ҳазор сомонӣ ва пойафзоли ҳамроҳаш 200-500 сомонӣ арзиш дорад. Арӯсон инчунин барои рӯзи махсусашон либоси таг мехаранд, ки нархи онҳо аз бренд, сифат ва ҷои харид вобаста аст.
Хароҷоти иловагӣ барои зебоӣ
Дар мавриди хароҷоти изофӣ, ки саноати зебоии муосир ба таври ҷиддӣ таҳмил мекунад, аввалин коре, ки арӯси замонавӣ мекунад, ин муроҷиат кардан ба хидмати мутахассиси шугаринг аст. Дар Тоҷикистон чунин хидматрасонӣ барои тамоми бадан ҳудуди 100-450 сомонӣ арзиш дорад. Дарозкунии мижгонҳо низ талабгори зиёд дорад ва 80-300 сомонӣ арзиш доранд.
Нархи маникюр ва педикюр гуногун аст. Масалан, духтарони диндор бештар маникюрро бе лак мекунанд - онҳо танҳо нохунҳои худро тоза мекунанд ва онҳоро ба тартиб меоранд. Ба тартибории нохун дар Душанбе ва Хуҷанд тақрибан 80 сомонӣ арзиш дорад, ҳарчанд дар дигар шаҳрҳо арзонтар аст. Нархи педикюр каме баландтар аст.
Тамоюли дигари зебоии арӯсӣ мезотерапия мебошад. Баъзан арӯсҳо хоҳони зебо кардани лабони худро бо сӯзандоруҳои ботокс ё кислотаи гиалуронӣ ҳастанд, ки дар маркази Душанбе дар кошонаи косметологи соҳибихтисос ҳадди ақал 10 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Аммо баъзехо ба ёрии lдугонаҳои "тачрибадор" ва ё мутахассисони ғайрикасбӣ мурочиат мекунанд, ки ин на он қадар бехатар аст.
Симои арӯс инчунин бо ҷавоҳироти гуногун пурра карда мешавад, ки интихоби онҳо аз буҷа вобаста аст. Масалан шумо метавонед, аз хориҷи кишвар як гарданбанд фармоиш диҳед, ё ба мағозаи брендӣ рафта, онро харидорӣ кунед ва ё метавонед онро аз бозор бо нархи арзон харед. Ин аз 150 то 5 ҳазор сомонӣ арзиш хоҳад дошт.
Симои домод
Дар умум барои симои арӯс метавонед 3-5 ҳазор сомонӣ сарф кунед, аммо ба ҳисоби миёна он ду-се баробар гаронтар аст.
Барои омода кардани домод ба тӯй маблағи хеле камтар лозим аст, агар ба ҳисоб нагирем, ки хароҷоти асосии ташкили ҷашн ба дӯши оилаи ӯ меафтад. Рӯйхати хеле тахминии хароҷоти асосии домод дар арафаи тӯй чунин аст, костюм - аз 300 то чанд ҳазор, сартарошхона - аз 120 то 700 сомонӣ, як гулдастаи арӯс ба ҳисоби миёна аз 300 то 1000 сомонӣ. Барои эҷоди симои домоди мувофиқ камаш 2-3 ҳазор сомонӣ лозим аст.
Хизматрасонии суратгир ва наворбардор
Албатта, дар Тоҷикистон ягон тӯй бидуни аксу навор сурат намегирад. Аксбардории арӯсӣ (фотосессия) бо ҷалби мутахассиси касбӣ, ки пас аз он шумо даҳҳо акси коркардшуда ва файлҳои ибтидоиро дар флеш-диск дастрас хоҳед кард, дар як соат дар Душанбе на камтар аз 500 сомонӣ арзиш дорад.
Ин ҳама ба вакти кори аксбардор ва наворгир вобаста аст. Ҳардуи онҳо ҳадди аққал 3 соат кор мекунанд, зеро одатан онҳо аввал субҳи сайругашти арӯсу домод ва танҳо баъд худи ҷашнро ба навор мегиранд.
Дар маҷмӯъ, хидмати наворбардор ва аксбардор аз 2,5 то 7 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Илова бар ин, барои наворбардорӣ аксар вақт меҳмонхонаи боҳашамат интихоб карда мешавад. Дар Душанбе одатан меҳмонхонаҳои панҷситорадори “Хилтон”, “Ҳайат” ва “Сирена” интихоб мешаванд, ки барояшон ҳар соат ба ҳисоби миёна 1000 сомонӣ пардохт кардан лозим меояд. Аммо дар баъзе меҳмонхонаҳо шумо метавонед як рӯзи пурраи наворбардориро бо ҳамин маблағ гузаронед.
Бо вуҷуди ин, барои як видеои даҳ дақиқаӣ дар бораи як воқеаи хурсандӣ ва лайкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, навхонадорон омодаанд боз ҳам зиёдтар пул сарф кунанд.
Аммо дар ин кор низ як роҳи сарфаи пул бидуни қурбонии зебоӣ вуҷуд дорад, бисёр ҷуфтҳо барои аксбардорӣ ба ҷойҳои махсусан зебоманзари шаҳр мераванд. Масалан, дар Душанбе инхо боғи ботаники, боғи Рудакӣ ва боғи Ғалаба мебошанд. Дар Хуҷанд боғи ба Камоли Хуҷандӣ ва зинапояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ.
Ба қавли суратгирон, агар обу ҳаво ва вақти сол даст диҳанд, пас аксу наворҳо аз чунин ҷойҳои зебоманзар назар ба ҳама ҷойҳои гаронбаҳои иҷора хеле беҳтаранд.
Иҷораи толори тӯй
Дар ин ҷода фарқияти аз саноати зебоӣ зиёдтар аст. Дар Душанбе қимати хизматрасонӣ ба як нафар вобаста ба хидматрасонӣ аз 250 то 800 сомонӣ фарқ мекунад.
Баргузории ҷашн дар тарабхона барои 150 нафар вобаста ба макон ва дастурхон аз 15 то 70 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Умуман, ташкили зиёфат ва маросим дар ҳузури меҳмонон муҳимтарин ва гаронарзиштарин қисмати чорабинӣ мебошад. Танҳо ба нархҳо нигаред.
Навозандагон бо карнаю доира дар назди хонаи арӯс аз 500 то 3,5 ҳазор сомонӣ, мошинҳои тӯй (кортеж)- аз 2,5 ҳазор то 14 ҳазор сомонӣ вобаста ба тамғаи мошин ва шумораи онҳо ба ҳисоби миёна 3-5 адад мошин. Хизматрасонии ҳофизон дар тарабхона - аз 4 ҳазор то 20 ҳазор сомонӣ дар як шом, барандаи маърака- аз 1,5 ҳазор то 5 ҳазор сомонӣ, кулчақанди калон - аз 1,5 ҳазор то 4 ҳазор сомонӣ.
Ташкили тӯйи арӯсӣ аз аввал то охир
Албатта, мӯди муосир ва ғарбгароӣ (инчунин қонун дар бораи маросимҳо) ба ҷашнҳои Тоҷикистон осори худро мегузорад.
Агар шумо вақт ва хоҳиш надоред, ки масъалаҳои тӯйро ҳал кунед, пас солҳои охир дар кишвар оҷонсиҳои зиёде кушода шудаанд, ки омодаанд, тамоми масъалаҳои ташкилиро ба ҷои шумо ҳал кунанд.
Онҳо аксар вақт рӯйхати худро оид ба маконҳои боэътимод, ороишгарон ва навозандагон доранд, ки омодаанд тахфифи хурд диҳанд. Ва агар сухан дар бораи буҷаҳои калон равад, пас чунин рафти кор метавонад на танҳо вақт, балки пули домоду арӯсро то 10-15 ҳазор сомонӣ сарфа кунад. Нархи ҳадди ақал дар ин ҷо аз 50 ҳазор сомонӣ оғоз шуда, лимити болоӣ тақрибан номаҳдуд аст.
Хулоса, агар тамоми харочотро дар Душанбе ва ё Хучанд хисоб карда, нарххоро ба хисоби миёна гузоред, туй кариб аз 40 то 150 хазор сомониро ташкил медихад.
Аммо тавре ки гуфта будем, замона дигар мешавад - ва ҳоло домоду арӯс, инчунин оилаҳои пешрафтаи онҳо, ба гузаронидани ҷашни хоксорона дар доираи аҳли оилаашон бартарӣ медиҳанд, то ки баъдан навхонадорон ба хориҷи кишвар ба моҳи асал сафар кунанд, ё ба онҳо пули бештаре барои харидани хона ё мошин ҳадя диҳанд.