ДУШАНБЕ, 24 окт — Sputnik. Тими "Истиқлол"-ро бозии хеле душвор бо дастаи "Персеполис" интизор аст, чун ҳама барои имтиёз талош доранд.
Ин нуктаро сармураббии дастаи "Истиқлол", Игор Черевченко зимни нишасти матбуотии қабл аз бозӣ баён дошт.
"Вазъият чунин аст, ки ба ҳама ҳоло имтиёз ва ба ҳама ғалаба лозим аст. Мо баъд аз бозӣ сӯҳбат хоҳем кард, ки бозӣ чӣ гуна хоҳад буд", - гуфт ӯ.
Сармураббии тими душанбегӣ афзуд,қудрати "Персеполис"-ро медонад, ки як дастаи хеле қавӣ мебошад.
"Рақибон мисли дастаҳои дигар ситора надоранд, вале хеле мутаносиб амал мекунанд. Дар хатхо амалан ягон нуқтаи заиф нест ва онҳо дар майдон чӣ кор карданро хуб медонанд”, - илова намуд Черевченко.
Сармураббии дастаи "Персеполис", Яҳёи Гулмуҳаммадӣ низ бо истиқбол аз тими Душанбе эҳтиромашро ба ин даста баён дошт, ки бозии хуби дифоӣ дорад.
Бозии ин ду тим шоми 24 октбяр дар варзишгоҳи "Озодӣ" -и шаҳри Теҳрон баргузор мегардад. Сардовари ин бозӣ довари ФИФА Муҳаммад Қосим Саррай аз Ироқ хоҳад буд.
Бозии қаблии "Истиқлол" дар доираи лигаи қаҳрамонҳои қораи Осиё бо тими "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ буд, ки бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи футболбозони арабӣ анҷом ёфт.