ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ҳатто агар бастаи умумии кӯмаки Байден ба Украина ва Исроил дар Конгресс қабул шавад, президент дафъаи оянда бояд қонунгузоронро бори дигар бовар кунонад.
Дар ин бора сиёсатшиноси амрикоӣ Стивен Вертхайм дар подкасти рӯзноманигор Ян Мастерс изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, маблағи пешбинишуда 61 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Коршинос қайд кард, ки онҳо барои тақрибан як сол кофӣ хоҳанд буд. Аммо, баъд аз он Украина боз ба пул ниёз хоҳад дошт ва бояд бори дигар ба Конгресс муроҷиат кунад.
Вертхайм қайд кард, ки ҷумҳурихоҳоне, ки ба маблағгузории Киев шубҳа доранд, набояд "аҳмақ" ҳисобида шаванд.
Вай иддао дорад, ки нуқтаи назари конгрессменҳои ҷумҳурихоҳ эҳсоси интихобкунандагони амрикоиро дар мавриди кумак ба Украина инъикос мекунад.
Сиёсатшинос ҳамчунин таъкид кард, ки дафъаи оянда маъмурияти Байден ба эҳтимоли зиёд бояд усули наверо таҳия кунад, то Конгрессро бовар кунонад, ки ба тарафдории кумаки молии иловагӣ ба Украина раъй диҳад.
Вертхайм ба хулосае омад, ки Украина воқеан аз тағйири рӯҳия ва раъйҳо дар Вашингтон вобаста аст.
Қаблан дар Амрико ақидае вуҷуд дошт, ки раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден ба хотири заъиф ва кам кардани захираҳои низомии Русия аз Украина пуштибонӣ мекунад.