Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аз қароргоҳи Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар Ростови лаби Дон боздид кард.
Дар ин бора сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков хабар додааст.
“Президент Путин аз Перм баргашт, дар Ростов таваққуф кард ва дар онҷо аз қароргоҳи артиши Русия дидан кард", - гуфт ба хабаргузории РИА “Новости” Песков.
Дар он ҷо, ба гуфтаи вай, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия, генерали артиш Валерий Герасимов ба президент дар бораи ҷараёни амалиёти вижа гузориш дод ва “ҳамчунин суҳбатҳои дигар бо намояндагони раҳбарияти баландпояи вазорат оид ба мудофиа сурат гирифт".
"Ба ҳама фармондеҳон салом гӯед. Саломат бошед", - гуфт Путин пас аз сӯҳбат бо Герасимов.
Ёдовари мекунем, ки нерӯҳои украинӣ моҳи панҷум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запороже амалиёти ҷавобӣ анҷом дода, ба бригадаҳои ҷангие, китаҳти сарварии дастурдиҳандаҳои НАТО тамрин кардаанд ва бо таҷҳизоти хориҷӣ мусаллаҳ шудаанд, партоб мекунанд.
Рӯзи панҷшанбе Владимир Путин гуфт, ки аз 4 июн нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 90 ҳазор нафар, 557 танк ва қариб 1900 мошини зиреҳпӯшро талаф додаанд.