ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Раиси минтақаии Созмони ҷаҳонии ғизо Ҷон Ойлиф ҳушдор дод, ки Афғонистон ба далели коҳиши шадиди кумакҳо бо қаҳтӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Вай вазъияти Афғонистонро ноумедкунанда донист ва афзуд, ки созмонҳои имдодӣ дар Афғонистон бо коҳиши шадиди буҷет мувоҷеҳ ҳастанд.
Ин мақоми Созмони ҷаҳонии ғизои афзуд, ки ин созмон имсол дар муқоиса бо соли гузашта 80% буҷети камтаре дар ихтиёр дорад ва имсоли буҷаи ин Созмон боз ҳам 340 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Ойлиф тасреҳ кард, ки ҳамакнун 15 млн нафар дар Афғонистон аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд.
Афғонистон ҳам акнун бо буҳрони иқтисодӣ ва инсонии ношӣ аз 20 соли ишғолгарии низомиёни Амрико ва ҷанги ношӣ аз он мувоҷеҳ аст.
Ин ишғолгарӣ ва ҷанг боиси нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ ва беҳдоштӣ дар ин кишвар шуда аст.