Тибқи рӯзномаи ҷаласа роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии ИДМ зиёда аз 20 масъаларо баррасӣ карда, дар бораи масоили мубрами байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар сиғаи Иттиҳод мубодилаи афкор намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ таъкид кард, ки ИДМ барои Тоҷикистон яке аз саҳнаҳои калидии ҳамкории бисёрҷониба боқӣ мемонад.
Вазир қайд намуд, ки Тоҷикистон низ дар татбиқи консепсияи раёсати кунунӣ дар созмон ҳиссаи худро гузошта, дар ин росто соли 2023 дар Душанбе ҷаласаҳои Шурои байнидавлатӣ оид меъёрикунонӣ, метрология ва иҷозатномадиҳӣ, Шурои байнидавлатӣ оид ба кайҳон, инчунин Шурои вазирони адлияи кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро муваффақона доир кард.
Аз натоиҷи ҷаласа вазирон масъалаҳои баимзорасонии Аҳднома дар бораи таъсиси Созмони байналмилалӣ оид ба забони русӣ, Нақшаи чорабиниҳои роҷеъ ба омодагӣ ва дар соли 2025 таҷлил намудани 80-солагии ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватанӣ, Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштараки мубориза бо ҷинояткорӣ барои солҳои 2024-2028, инчунин як қатор созишнома ва изҳоротҳоро мувофиқа карда, ба баррасии сарони давлатҳо манзур намуданд.