ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон давоми даҳрӯзаи аввали даъват ба хизмати ҳарбӣ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод, Тоҷикобод дар баробари ВМКБ нақшаро иҷро карданд.
"Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии соли равон дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯз 65%-ро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Хатлон беш аз 60%-ро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин шабу рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2022 он ба 54% баробар буд.
Дар даҳрӯзаи аввал иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар вилояти Суғд 43%-ро ташкил медиҳад, ки ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар мебошад.
Дар ин муддат нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45% иҷро гардид.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.