ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Корхонаи "Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд" навсозӣ шуда, ба шаҳр мусофирбарҳои ҷадид ворид карда мешаванд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, айни замон татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд" ҷараён дошта, то ин марҳила беш аз 50 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст.
Манбаъ афзуд, ки раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти татбиқи лоиҳа шинос гардидааст, ки дар доираи он беш аз 100 адад автобуси мусофиркашон ворид гардида, системаи пардохти корти нақлиётӣ ба кор андохта шудааст.
Дар назар аст, ки барои беҳтар намудани хизматрасонӣ 20 адад электробус ворид карда шавад, афзуд дафтари матбуоти ҳукумати Суғд.
Инчунин мувофиқи нақша бунёди 13 адад сехҳои истеҳсолӣ ва таъмирӣ, нуқтаи таъмини сузишворӣ, шустушӯи нақлиёт, назорати даромаду баромади нақлиёти мусофиркашон ва фаъолияти муназзами он дар хатсайрҳо, ошхона, сехи рангуборкунӣ, чоҳи зеризаминӣ, ҳавзи захираи об барои сухторнишонӣ ва ғайра бунёд мешавад.
"Дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Чин, Туркия ва Россия ворид гардида, имкон медиҳад то дар самти фаъолияти муассиса дигаргунии ҷиддӣ ва вавобгӯ ба талаботи замонави ҷорӣ гардад", - омадааст дар иттилоия.
Раиси вилоят зимни шиносоӣ ҷиҳати назорати қатъии корҳои сохтмонӣ, воридоти дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ, сари вақту босифат ба итмом расонидани тамоми корҳо, мақсаднок истифодабарии маблағҳо дастур дод.