ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Шиддати муноқишаи Фаластин ва Исроил натиҷаи нокомии сиёсати Амрико ва нодида гирифтани қарорҳои Шӯрои Амнияти СММ аст.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар мулоқот бо нахуствазири Ироқ, Муҳаммад Судонӣ дар Кремл гуфт.
"Мутаассифона, мо якбора бад шудани вазъиятро дар Шарқи Наздик мушоҳида карда истодаем, Ба фикрам, бисёриҳо бо ман розӣ мешаванд, ки ин мисоли равшани барбод рафтани сиёсати ИМА дар Шарқи Наздик аст", - гуфт ӯ.
Вай таъкид кард, ки ИМА ба инҳисори танзими қазия машғул шуда, мутаассифона мусолиҳа ва пайдо кардани созиши барои ҳарду ҷониб мақбул талош накарданд.
Раҳбари Русия идома дод, ки Вашингтон ақидаҳои худро дар бораи чӣ гуна бояд раванди танзим идома ёбад, бо фишор ба ҳарду ҷониб бор мекард.
"Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ин фишор ҳар дафъа манфиатҳои мардуми бумии Фаластин, зарурати иҷрои қарорҳои Шӯрои амнияти СММ дар бораи таъсиси давлати соҳибихтиёри Фаластинро нодида мегирифт", - гуфт Путин.
Ӯ таъкид кард, ки мавқеи Русия мисли Ироқ пойбанд ба зарурати кам кардани хисорот ба мардуми осоишта ва ба сифр кам кардани он аст.
Шиддати даргирӣ миёни Фаластин ва Ироил 7 октябри соли равон сурат гирифта, бар асари зарбаҳои тарафайн ҳазорҳо нафар аз ҳарду тараф куштаю маҷруҳ гардиданд.