Зарбаҳои даҳшатнок: Артиши Исроил ҳамлаи густарда ба мавзеъҳои ҲАМОС-ро нишон дод - видео

Шаби гузашта дар Ғазза ноором буд, артиши Исроил беш аз 200 иншоотро зери ҳадаф қарор додааст, хабар медиҳад ҷониби давлати Исроил
Sputnik
Наворе, ки тавассути паҳподҳо сабт шудааст ва аз ҷониби оҷонсии Ruptly нашр шудааст, аз ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба мавқеъҳо ва иншоот дар навори Ғаззаро нишон медиҳад, ки ҷониби Исроил онро "лонаи террористон" мехонад.
Даҳҳо ҳавопаймо ва киштиҳо дар бомбаборони ҳадафҳои Ҳамос ширкат доштанд, аз ҷумлаи ҳадафҳои нирӯҳои исроилӣ қароргоҳи маъмурони баландпояи Ҳамос, биноҳое, ки дар он амволи ҷангҷӯён нигаҳдорӣ мешуданд ва ҳамчунин як масҷид, ки ба гуфтаи артиши Исроил, хамчун анбори аслиха истифода мешуд.
ИМА изҳороти ғайричашмдошт дар бораи Исроил ва Украина дод
Ҷонатан Конрикус, сухангӯи артиши Исроил ба расонаҳо гуфт, вазифаи артиш дар он аст, ки ҳаракати Фаластинии Ҳамос то поёни даргириҳо тавони низомӣ надошта бошад.
Вай афзуд, ки нерӯҳои исроилӣ дар марзи ҷанубии кишвар ҷамъ шудаанд. Ин қисмати сарҳад 100% таҳти назорат гирифта шуда, дар давоми 24 соати охир дар ин қисмат ягон вуруди ҷангҷӯёни Ҳамос аз сарҳад мушоҳида нашудааст.
Боз як авҷгирии низоъи Фаластин ва Исроил субҳи 7 октябр, замоне рух дод, ки Исроил аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакҳои густарда қарор гирифт. Ҷангҷӯёни Ҳамос низ ба манотиқи марзӣ дар ҷануби Исроил ворид шудаанд.
Расонаҳо: артиши Исроил вориди шаҳри Наблуси Фаластин шуд
Ҳамос аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо алайҳи Исроил хабар дод. Дар навбати худ Исроил амалиёти шамшерҳои оҳанинро алайҳи Ҳамос дар навори Ғазза оғоз кард.
Дар ҳоли ҳозир, тибқи маълумоти вазорати тандурустии Исроил, шумори қурбониёни сокинони Исроил ба 900 нафар расидааст, вазорати тандурустии Фаластин аз марги 687 фаластинӣ хабар додааст.