ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Сохтмони бинои нави истгоҳ (вокзал)-и нави роҳи оҳани “Хуҷанд”бомаром идома дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳаҷми корҳои иҷрошуда 70%-ро ташкил медиҳад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори Идораи Роҳи оҳан дар минтақаи Хуҷанд Убайдулло Обидов иттилоъ дод.
Ба иттилои вай , айни замон қолаби чорошёнаи бино, инчунин бинои таҳхона сохта шудааст ва корҳои сохтмонӣ айни замон 70%-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин бино аз ҳисоби КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” сохта мешавад ва барои сохтмони ин бино ин корхона ҳудуди 6 млн сомонӣ ҷудо намудааст.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст маросими тантанавии ифтитоҳи бинои нави истгоҳи роҳи оҳан дар рӯзҳои ҷашни Рӯзи ваҳдат дар соли оянда баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бинои пешинаи якошёнаи вокзал ҳанӯз соли 2011 тахриб шуда, соли 2012 бунёди бинои чорошёнаи вокзал оғоз гардида буд.
Бо сабаби мушкили молиявӣ сохтмони бинои нави вокзал ба муддати якчанд сол мавқуф гузошта шуд.