ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Теъдоди қурбониёни заминларза дар ғарби Афғонистон “тақрибан ба 120 нафар” афзуда, беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд, хабар медиҳад хабаргузории “France-Presse” дар истинод ба раиси идораи мубориза бо офатҳои табиӣ дар вилояти Ҳирот Мусо Ашарӣ.
Рӯзи шанбе ин оҷонсӣ бо такя ба мудири бахши беҳдошти вилояти Ҳирот Муҳаммад Толиб Шаҳид хабар дод, ки бар асари заминларза дар ғарби Афғонистон дастикам 14 нафар кушта ва 78 нафар захмӣ шудаанд.
"Ба гузориши мо беш аз ҳазор зан, кӯдакон ва пиронсолони маҷрӯҳшуда шомил мешаванд ва инчунин тақрибан 120 нафар куштаро низ дар бар мегирад" , - гуфт Ашарӣ.
Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи шанбе Маркази зилзилашиносии Аврупоӣ ва Баҳри миёназамин (EMSC) аз чанд заминларза дар ғарби Афғонистон хабар доданд, ки шиддаташ он то 6,4 балро ташкил медод.
Бояд қайд кард, ки ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон чанд заминларзаи шадид сурат гирифт. Аксари заминларзаҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба қайд гирифта шуда буд.