Тавсифи Аҳмадзода аз шароити хизмати сарбозон дар артиш

Раиси Суғд зимни гусели наваскарон аз шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ тавсиф кард, ки бо чораандешиҳои ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар беҳбуд ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд 1500 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Маросими гусел дар "Амфитеатр" бо иштироки теъдоди зиёди ҷавонон, волидон ва роҳбарони минтақа, аз ҷумла раиси Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуд.
Вай гуфт, таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Ғизою либоси хуб диҳед: Дастури Раҳмон ба генералҳо дар мавриди даъвати наваскарон
"Насли ҷавон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ дарси шуҷоату мардонагӣ ва ҳифзи хоки поки Ватанро меомўзанд", - гуфт раиси вилоят.
Таъкид шуд, ки дар рӯзи нахустин Ворух ва Чоркуи Исфара, Саразми Панҷакент, Чашмасори Бобоҷон Ғафуров, Навбаҳори Мастчоҳ, Деҳмой ва Ҳаёти Нави ноҳияи Ҷаббор Расулов, Меҳробод ва Ориёни Ашт ва Фондарёи Айнӣ нақшаи даъватро иҷро карданд
"Ман аз номи худ ба ҳамаи падару модарон барои тарбияи чунин фарзандони ватандӯст ва бо ору шуҷоъ изҳори сипос менамоям", - илова намуд роҳбари вилоят.
Раиси Суғд таъкид намуд, ки шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ бо чораандешиҳои ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар беҳбуд ёфтааст
"Падару модарон боварӣ ҳосил намудаанд, ки шароити хизмат ва зисту зиндагонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ сол то сол рў ба беҳбудӣ оварда, барои сарбозону афсарон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаааст", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки даъвати тирамоҳии наваскарон дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон моҳҳои октябр ва ноябр давом хоҳад дошт. ​