ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Бозии “Истиқлол” ва “Ал-Наср”–ро беш аз 200 млн тамошобин дар назди экранҳои телевизион тамошо кардаанд, хабар медиҳад “Варзиш ТВ”.
Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё аз ҳисоби тамошобини бештар рекорд гузошт.
“Истиқлол” ва “Ал-Наср” дар доираи бозии даври дуюми марҳилаи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи “Е” бозӣ карданд.
Бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
Ягона голро аз дастаи “Истиқлол” Сенин Себаӣ дар дақиқаи 44 – ум ба самар расонд.
Зимнан, як голро Криштиану Роналду ва ду голи дигарро Андерсон Талиска ба дарвозаи футболбозони тоҷик ворид кард.
Бояд гуфт, дар даври саввуми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё тими “Истиқлол” бо дастаи “Персиполос” вомехӯранд. Бозии ин ду даста рӯзи 24 октябр баргузор мешавад. Ҳамчунин “Ал-Наср” бо дастаи “Ал-Дуҳайл” – и Қатар бозӣ мекунад.