ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Дастаи "Истиқлол" дуввумин бозии худро дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё бо шикаст анҷом дод. Рақибони дастаи футболи Душанбе бо тими "Ал-Наср" -и Арабистони Саудӣ бозӣ карда, бо ҳисоби 1 бар 3 мағлуб шуданд.
Вохӯрии дастаҳои дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз сурат гирифт.
Дар қисми аввали бозӣ дастаи "Истиқлол" дар ҳисоб пешсаф буд. Сенин Себай дар дақиқаи 44-ум голи бошгоҳи "Истиқлол"-ро ба самар расонид. Ин аввалин голи "Истиқлол" дар мавсими нави Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё дар мавсими 2023/24 маҳсуб мешуд.
Дар қисми дуюми бозӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ 1 бар 1 кард.
Дар қисми дуюми бозӣ Криштиану Роналду дар дақиқаи 66-ум ҳисобро мусовӣ 1 бар 1 кард.
Пасон бозигари бразилӣ Андерсон Талиска ду тӯби дигарро вориди дарвозаи футболбозони тоҷик кард ва бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ "Ал-Дуҳайл" бо ҳисоби 0 бар 1 аз "Персеполис" мағлуб шуд. Ягона голро Умид Алишоҳ ба самар расонид.
Ёдовар мешавем, ки дар даври 3-юми бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё рӯзи 24-уми октябр "Истиқлол" дар сафар бо "Персеполис"-и Эрон ва "Ал-Наср" дар сафар дар ҳамин рӯз бо "Ал-Дуҳайл"-и Қатар вориди майдони рақобат мегарданд.