ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Муовини сифири Эрон дар шаҳри Кобул Сайид Ҳасани Муртазавӣ бо Мавлавӣ Муҳамад Набӣ Умрӣ муовини вазири дохилаи толибон* дидор кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сафорати Эрон дар Афғонистон.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо дар хусуси заминаҳои мавриди алоқаи тарафайн ва ҳамкориҳои дуҷониба миёни Теҳрону Кобул гуфтугӯ ва табодули назар сурат гирифт.
Муртазавӣ бо ишора ба ҳаҷми қобили тавваҷуҳи тараддудҳои ғайриқонунии марзӣ аз Афғонистон ба самти Эрон аз мақомоти ин кишвари хост то назорат ва контроли худро бар марзҳои муштарак афзоиш дода, мубориза бо ҷараёни қочоқи инсон ва тараддудҳои ғайриқонуниро дар хоки Афғонистон ба иҷро бигузоранд.
Умрӣ низ ба навба худ гуфт, толибҳо ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки Амрико ва бархе кишварҳои минтақа ва фароминтақаӣ аз равобити ҳасанаи байни Эрон ва Афғонистон нохурсанд ҳастанд ва хоҳони эҷоди таниш дар равобити ду ҷониба мебошанд ва дар ин масир бо истифода аз абзорҳои гуногун аз ҷумла расона ва фазои маҷозӣ дар садади эҷоди чолишу тақобул байни ду кишвар ҳастанд.
* — ин гурӯҳ ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.