ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар брифинги ахири гуфт, зарба ба шаҳри Севастопол бо кумаки мутахассисони ИМА ва Бритониё анҷом шудааст.
“22 сентябр Севастопол дубора мавриди ҳамла қарор гирифт ва ҳеҷ шубҳае нест, ки ҳамла бо истифода аз имкониятҳои иктишофии Ғарб, таҷҳизоти моҳвораии НАТО, ҳавопаймоҳои иттилоотии пешакӣ тарҳрезӣ шуда, бо ташаббус ва ҳамоҳангии зич бо Амрико ва хадамоти иктишофии Бритониё сурат гирифтааст.”, - гуфт хонум Захарова.
Дипломат таъкид кард, ки ҳадафи ошкори ин ҳамла ва дигар амалҳои шабеҳи террористӣ ин дур кардани таваҷҷӯҳи мардум аз ба ҳадаф нарасидаи амалиёти зиддиҳамлаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ва тарсонидани мардум, инчунин ба вуҷуд овардани тарсу воҳима дар ҷомеаи Русия ва дар ниҳоят ноором кардани вазъияти дохилии сиёсии Русия аст.
Нерӯҳои украинӣ нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр ба Севастопол ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд ва нерӯҳои дифоъ ҳавоии Русия панҷ мушакро сарнагун карданд.
Бинои ситоди таърихии Нерӯҳои дарёии Бахри Сиёҳи Русия зери ҳадафи мушакҳо қарор гирифт. Дар ин бино як хизматчии харбӣ бедарак шуд. Як қисми мушакҳои сарнагуншуда ба маркази шаҳр афтод, онро бо чораҳои эҳтиётӣ бароварда, дар майдони озмоиш нобуд карданд.
Ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, барои ҳамла мушакҳои Storm Shadow, ки Бритониё ба Украина додааст, истифода шудааст. Лондон аз шарҳи ин хабарҳо худдорӣ кард.