ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Муштзанҳои тоҷикистонӣ, Асрор Воҳидов ва Муҳаммад Аброриддинов ҳунарнамоияшонро дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бо пирӯзӣ оғоз карданд.
Дар ин бора Федератсияи бокси Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, Асрор Воҳидов, ки дар вазни то 57 кило қувваозмоӣ мекунад, бар Сулия Хамми аз Лаос дар даври аввал пирӯз гардид. Дар даври минбаъда Воҳидов бо Салим Ҳусайн аз Бангладеш зӯр меозмояд.
Майдондории муштзани тоҷик бо рақиби бангладешияш рӯзи 30 -юми сентябри соли равон дар назар аст.
Ҳамчунин муштзани дигари Тоҷикистон, Муҳаммад Аброриддинов дар вазни беш аз 92 кило дар даври аввал пирӯз гардид.
Аброриддинов дар марҳилаи навбатӣ - рӯзи 30-юми сентябр бо муштзани ӯзбекистонӣ, Баҳодур Ҷалолов вориди майдон хоҳад шуд. Ҷалолов аз муштзанҳои шинохта мебошад, ки увони қаҳрамони олимпиро дорад.
Маврид ба зикр аст, ки дар 19-умин Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Тоҷикистонро тими муштзанҳои марду зан намояндагӣ мекунанд.
Аз ҷумла Мехрон Шафиев (51 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Неъматуллоев (80 кг), Давлат Болтаев (92 кг) ва аз миёни бонувон Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Нигора Олимова (54 кг), Мижгона Самадова (57 кг), Бибинашастамо Холова (60 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг) ва Меҳриноси Музафарзода (75 кг) зӯр меозмоянд.
Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу бояд соли 2022 баргузор мешуданд, аммо ба далели паёмадҳои пандемия онро як сол то 2023 ба таъхир гузошта буданд.