ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Зимни мулоқот сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Губернатори вилояти Новосибирски Русия Андрей Травников консули генералии навтаъйини кишварро дар шаҳри Новосибирск муаррифӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти сафорат ба ин вазифа Наҷмиддин Имомзода таъйин шудааст.
Бояд гуфт, ки ахиран сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба вилояти Новосибирск сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафари худ бо роҳбарияти олии ин минтақа дидору гуфтугӯ кард дар бораи ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия табодули афкор кард.
Дар мулоқот тарафҳо масолили иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳоҷирати меҳнатӣ ва сайёҳиро баррасӣ карданд.
ҲАмзамон тарафҳо, ба масъалаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҳам дар минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар вилояти Новосибирск таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.