Супориш ба прокурорҳои тоҷик: даъват ба артиш бе коррупсия, дар доираи қонун сурат гирад

Дар ҷаласаи ҳайати мушовара дар Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 сен – Sputnik. Ба прокуророни ҳарбии гарнизонҳои Тоҷикистон дастур дода шуд, ки назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбиро таҳким бахшанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ин нукта дар ҷаласаи ҳайати мушовара дар Сарпрокуратураи ҳарбии ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони масъули сохторҳои ҳарбӣ, масоили даъват ба хизмати ҳарбӣ таъкид гардид.
Додситонҳои низомӣ дастур гирифтанд, ки назоратро дар кори комиссияҳои даъват ва комиссариатҳои ҳарбӣ боз ҳам пурзӯр созанду барои пешгирию бартараф кардани омилҳои коррупсионӣ ва минбаъд роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо қарорҳои лозимӣ қабул намоянд.
Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ҳифзи хок: Тоҷикистон бархе қонунҳояшро тағйир медиҳад
Талаб карда шуд, ки ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва аҳмияти мудофиавидошта дар мӯҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд иҷро гардад.
"Мақомоти масъули даъватро зарур аст, ки дар раванди баргузории чорабиниҳои даъватӣ бо масъулияти баланд амал намуда, даъвати дарпешистодаро дар мӯҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд иҷро намоянд", - омадааст дар итилоия.
Фармони президент дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ 1 сентябри соли равон ба тасвиб расид.
Даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон моҳҳои октяб ва ноябр давом хоҳад кард.