ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Дар Ҳанчжоуи Бозиҳои осиёӣ маросими барафрохтани парчами миллии Тоҷикистон баргузор шуд, ки ин нишонаи расмии омадани даста аст.
Дар ин маросим роҳбарияти тими миллӣ, намояндагон ва варзишгарони тоҷик ширкат доштанд.
Ҷамъан дар Ҳанчжоу парчами 45 давлат парафшон шуд.
Ҳамзамон, миёни намояндагони Тоҷикистон ва деҳаи Бозиҳои осиёӣ табодули тӯҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар Бозиҳои XIX осиёӣ зиёда аз 100 варзишгари тоҷик аз рӯи 19 намуди варзиш иштирокмекунанд. Маросими ифтитоҳи ин мусобиқа рӯзи 23 сентябр баргузор мешавад.
Қаблан Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба варзишгарон ваъда дода буд, ки барои пирӯзӣ дар Бозиҳои осиёӣ онҳоро бо манзил таъмин хоҳад кард. Варзишгароне, ки дар Ҳанчжоу медали тилло соҳиб мешаванд, дар Душанбе манзили сеҳуҷрагӣ хоҳанд гирифт. Ба гирандагони медали нуқра манзили дуҳуҷрагӣ ва барои биринҷӣ хонаи якҳуҷрагӣ таҳдим мегардад.
Бозиҳои осиёӣ аз соли 1952 дар чаҳор сол як маротиба таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд.
Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат карда, 27 медал, аз ҷумла 4 тило, 6 нуқра ва 17 биринҷӣ ба даст овардааст.