Зиёрат аз оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ – видео

Оромгоҳи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адаб буда, ҳамасола садҳо нафар меҳмонони дохилию хориҷӣ ба зиёрати он мераванд
Sputnik
Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллӣ, рӯзи тавонотарин шоири даврони Сомониён- устод Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад.
Ин сана тибқи Қонуни ҶТ "Дар бораи рӯзҳои ид" ба расмият дароварда шудааст. Дар ин рӯз дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар назди ҳайкалу нимпайкараҳои Абӯабдулло Рӯдакӣ гулгузорӣ, ҳамоишҳои идона ва маҳфили шеърхонӣ, дар донишгоҳҳои филологии мамлакат, муаасисаҳои адабиву фарҳангӣ нишасту конфронсҳои илмӣ, мизҳои гирд ва ҷаласаҳо доир мегарданд.
Дар Қазоқистон нимпайкара ва кӯчаи Рӯдакӣ пайдо шуд
Хабарнигорои Sputnik Тоҷикистон дар рӯзи Рӯдакӣ ба зиёрати оромгоҳи одамулшуаро рафт ва натиҷаи сафари худро барои хонандгон сабт кардааст.
Оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику-форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858 941) 60 км. дар қисмати шарқии шаҳри Панҷакент, дар маркази деҳаи Панҷрӯд ҷойгир аст.
Он аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгумбаза ва галерея иборат аст. Соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир оромгоҳи Рӯдакӣ бозсозӣ карда шуд.
Оромгоҳи Рӯдакӣ дорои шакли ҳашзилъӣ ва гунбади фирӯзаӣ дар болои он аст, ки ба дасти чанд тан аз кошикорони Нишопурӣ бозсозӣ шудааст.
142 сол пас: пешниҳоди номгузорӣ кардани Пётри Кабир ба Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс буда, соли 858 таваллуд шудааст ва соли 941 вафот кардааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи Рӯдакӣ сахт вобаста аст ва муосиронаш ва суханварони баъдина ӯро бо унвонҳои ифтихории Одамушуаро, Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд.