ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Таҳлилгари собиқи CIA Ларри Ҷонсон дар як мусоҳибааш гуфт, ки Украина ба зимистони сард бидуни гармӣ ва барқ рӯ ба рӯ хоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Вай таъкид кард, ки дар чунин шарои украинҳоро маҷбур мешаванд, шаҳрҳои худро тарк намоянд.
"Бе гармӣ ва барқ, онҳо маҷбур мешаванд, ки шаҳрҳои калон, аз ҷумла Киев ва Лвовро тарк кунанд", - қайд кард коршинос.
Ба гуфтаи ин коршинос, зимистони оянда барои Украина бисёр душвор хоҳад буд.
Вай илова кард, ки артиши Украина захираҳо барои иваз кардани сарбозони кушташуда дар набардҳо надорад ва шаҳрҳои бузург аз гармӣ ва барқ маҳрум хоҳанд шуд.
Вай иддао дорад, ки муноқиша пас аз тамом шудани имконоти Украина хотима хоҳад ёфт, зеро ин кишвар наметавонад ҷангро идома диҳад.
"Зимистон марҳилаи ҳалкунанда хоҳад буд", - гуфт Ҷонсон.
Қаблан The Wall Street Journal навишта буд, ки борон ва баъдан боридани барф ба артиши Украина барои убури хати дифои артиши Русия халал мерасонад.
Нерӯҳои украинӣ моҳи чорум аст, ки дар самтҳои Южнодонетск, Артемовск ва Запорожие ҳамлаи ҷавобӣ анҷом дода, сарбозони тамринкардаи НАТО муҷаҳҳаз бо тонку тупи хориҷӣ ба хати ҷанг равон кардааст. Аммо, чунон ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, дар ин муддат онҳо натавонистанд ягон натиҷае бирасанд.
Коршиносони низомии бахусус ғарбиҳо самаранокии дифоии Русияро қайд мекунанд, ки ба артиши Украина талафоти ҷиддӣ расонидааст.