Данғара мизбони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо

Дар ноҳияи Данғара Мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 4-5 октябр мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар ин бора сомонаи Рӯзномаи Хатлон хабардодааст.
Ба иттилои манбаъ мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва -63 кг доир мегардад.
Қайд карда шудааст, ки барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд.
“Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷои якум 27 ҳазору 500 сомонӣ, ҷои дуюм- 16 ҳазору 500 сомонӣ ва ду ҷои сеюм бо 11 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мешаванд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Маълум шуд, ки Гран-при Душанбе оид ба ҷудо- 2024 кай баргузор мешавад
Ёдовар мекунем, ки 19-20 сентябри соли гузашта дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ дар риштаи гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.
Мусобиқа барои Ҷоми президенти Тоҷикистон дар риштаи гӯштини ҷудо аз соли 2013 то имрӯз баргузор мешавад.