Мавзуна Сангинова, устои муҳаррики мошинҳо дар Хуҷанд мегуяд чаҳор сол мешавад, ки ғолибан рӯзиашро аз ҳисоби ҳамин касбу кор ба даст меорад.
Зимнан ӯ, ягона зан дар Хуҷанд аст, ки дар коргоҳи таъмири мошинҳо канори устоҳо, ки ҳамагӣ мардонанд ба муоина ва таъмири мошинҳо машғул аст.
Ӯ гуфт, ба ҳарфи мардум гӯш намедиҳад ва барояш муҳим нест, ки дигарон дар бораи кору пайкори ӯ чӣ назар доранд.
"Муҳим ин аст, ки дар соҳаи барои худам мақбул кор мекунам ва бо меҳнати ҳалол зиндагиямро пеш мебарам", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ин устои моҳир ду сол дар Хуҷанд курси челонгариро дар қатори 30 ҷавонмард хонд ва ҳоло ба таъмири муҳаррики мошинҳо машғул аст.
Мавзуна барои ташолҳои зиёд ва устои моҳир ном баровардан, ҳатто бо гранти президентӣ дар ҳаҷми 40 ҳазор қадрдонӣ шуд.
Ӯ ҳоло дар ният дорад, ки дар ояндаи наздик як корхонаи бузург вобаста ба таъмири мошинҳо кушояд ва духтароне, ки ба ин кор шавқ доранд, омӯзонад ва бо кор таъмин кунад.