ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Чемпиони Тоҷикистон — дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар оғози марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2023/24 дар гурӯҳи "Е" бо чемпиони Қатар — дастаи "Ал-Дуҳайл" бозиро мусовӣ (0:0) намуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ин бозӣ 19 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии Душанбе баргузор шуда, 17, 5 ҳазор тамошобинро ба ҳам овард.
"Истиқлол" дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бо бошгоҳи "Ал-Наср"-и Арабистони Саудӣ, ки дар даври аввал бар "Персеполис"-и Эрон (2:0) пирӯз шуд, бозӣ менамояд.
Бозии "Ал-Наср" – "Истиқлол" 2 октябр дар варзишгоҳи "Ал-Аввал"-и шаҳри Риёз баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Ёдовари мекунем, ки сармураббии бошгоҳи "Истиқлол" Игор Черевченко мегӯяд, ки ҳарифонашон дар марҳилаи аввали гурӯҳии Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё хеле ҷидди ҳастанд.
Ӯ гуфт, ки талош барои пирӯзиро хоҳанд кард. Вай дар мавриди дастпарваронаш гуфт, ки онҳо таҷрибаи бозӣ дар Аврупо доранд ва ҳама омодаанд дар ин бозӣ ва дар ҳама бозиҳои минбаъда мубориза баранд.