ДУШАНБЕ, 15 сен – Sputnik. Мулоқоти раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и назди Президенти Туркманистон Оразов Дерягелди сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сохтмон ва меъмориро баррасӣ намуданд.
“Дар сӯҳбат ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ҳамкории судманд дар самти соҳаи меъморӣ ва сохтмон изҳор намуданд”,- иттилоъ додааст Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Иттилоъ дода шудааст, ки баъд аз мулоқот, тибқи барнома, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Мирзозода Низом Юсуфӣ ва Раиси Кумитаи давлатии сохтмони шаҳри “Арқадағ”-и Туркманистон Оразов Дерягелди Нурыевич аз Намоишгоҳи молистеҳсолкунандагони давлатҳои Осиёи Марказӣ дидан намуданд.
Бояд гуфт, ки воъурии мазкур дар доираи чорабиниҳои канории бахшида ба Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шудааст.