Таъкиди вазирони Осиёи Марказӣ барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе аз ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот дар минтақа таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ВУХ роҳбарони мақомоти корҳои хориҷӣ дар ин ҷаласа лоиҳаи рӯзнома ва номгӯи ниҳоии ҳуҷҷатҳои Вохурии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро баррасӣ ва ҳамоҳанг намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ дар бораи омодагии кишварҳои минтақа ба ҳамкории ошкоро ва густурда ба манфиати таъмини сулҳу субот ва амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъкид кард.
“Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки давлатҳои минтақа ҳамеша хоҳиши муштарак ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳо дар тамоми соҳаҳоро доранд, ташаббусҳои муштаракро дар ҳалли мушкилоти мавҷуда пеш мебаранд, инчунин барои муқобила бо чолишҳо ва таҳдидҳо саъй мекунанд”, - қайд кардааст вазорати хориҷа.
Баррасии шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе
Ҳамчунин вазири хориҷаи кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дастгириҳояшон ба Тоҷикистон дар давраи раёсати он дар механизми Ҷаласаҳои машваратӣ дар солҳои 2022-2023, аз ҷумла баргузории 16 чорабинии канорӣ дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар шаҳри Душанбе, изҳори сипос кард.
Дар ин ҷаласа, вазирон якдилона бар ин назар буданд, ки ҳамкории доимӣ ва манфиатдор дар доираи васеи масъалаҳои мубрами рӯз кафили расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати рушди муштараки кишварҳои бародарии Осиёи Марказӣ мебошад.