ДУШАНБЕ, 14 сен – Sputnik. Як қатор доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамӣ дар бозиҳои Конфедератсияи футболи Осиё таъйиноти нав гирифтанд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 байни дастаҳои "Лайон Сити" (Сингапур) ва "Бангкок Юнайтед" (Тайланд)-ро, ки 20-уми сентябр дар Сингапур баргузор мешавад, доварӣ мекунад.
Дар ин рақобат ба ӯ ёварони довари ФИФА Вафо Қараев ва Ҳасан Каримов аз Тоҷикистон кӯмак мекунанд.
Илова бар ин, довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар Қатар фаъолият хоҳанд кард.
Абдуллоев ба ҳайси фитнес-инструктор ва Гулмуроди Саъдулло ба ҳайси довари эҳтиётӣ кор мекунанд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров бошад, бозии даври якуми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи ғарбӣ дар чаҳоргонаи "С" бозии бошгоҳҳои "Неҷмеҳ" (Лубнон) ва "Ал-Риффа" (Баҳрайн)-ро арзёбӣ хоҳад кард. Ин вохӯрӣ 18 сентябр дар Манама баргузор мешавад.
Ёварон - Кабиров Акмал Бӯриев ва Хусрави Сиддиқзод хоҳанд буд.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Исмоил Нуралиев дар мусобиқаи футболи 19-умин Бозиҳои осиёӣ, ки аз 19-уми сентябр то 7-уми октябр дар шаҳри Ҳанчжоуи Чин баргузор мешавад, кор хоҳанд кард.
Ҳамчунин, ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова аз Тоҷикистон барои ҳакамии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ миёни бонувон даъват шудааст.
Суҳроб Сатторов, довари ФИФА низ барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал даъват шуд.
Ӯ бозиҳоро дар гурӯҳи "А", ки дар он дастаҳои Тайланд, Чин, Туркманистон ва Ҳонконг баромад мекунанд, доварӣ мекунад. Марҳилаи интихобии гурӯҳи мазкур аз 7 то 11 октябр дар Бангкок баргузор мешавад.
Пештар доварони тоҷик марҳилаи интихоботии Ҷоми Осиёи-2024-ро ҳакамӣ карданд.